Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар робита ба рух додани заминларзаи маргбор паёми таслият фиристодаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Эрдуғон аз ҳалокату ҷароҳати одамон дар заминларзаи шадиди ахир изҳори андуҳ карда, барои осебдидагон шифои комил хостааст.

Ларзиши девору гурези одамон: навори заминларзаи даҳшатбор дар Туркия

“Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии самимии хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни иброз дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - омадааст дар паёми Раҳмон ба Эрдуғон.

Заминларзаи шадиди қариб 7-балла шоми 25 январ дар музофотҳои шарқии Туркия - Малатия ва Элязиғ рух дод. Ба иттилои расонаҳои Туркия то ҳол аз ҳалокати 31 нафар тасдиқ шуда, беш аз 1 ҳазор нафар маҷруҳ гардидаанд.

Мақомоти кишвар, ба сокиноне, ки манзилҳояшон пурра тахриб шудааст, 1689 хайма, 1656 кат ва дигар лавозимоти аввалиндараҷа дастрас кардаанд. Ширкатҳои мобилӣ дар ду музофот хизматрасони ройгон ҷорӣ кардаанд.