Писари бедаракшудаи ноиби раиси ҲСДТ пайдо шуд

Ҳоҷиакбар Одинаев, писари Маҳмурод Одинаев, ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки таий чанд рӯзи охир бедарак гардида буд, пайдо шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik.  Ҳоҷиакбари  19-сола, ки рӯзҳои 19 ба 20 январ дар Маскав бедарак гардид, аз боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии “Сахарова” пайдо шудаст, хабар дод Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукияш.

Ба ин боздоштгоҳ аксаран атбои хориҷиеро мебаранд, ки барои нақзи қонуни будубош дар Русия ҳукми ихроҷашон содир шудааст. Акнун 10 рӯзи дигар зарур аст, ки то қарори ихроҷ ҳукми қонунӣ гирад ва Ҳоҷиакбар Одинаев имкони хариди чиптаи бозгаштро пайдо кунад. 

Маҳмурод Одинаев, ноиби раиси ҲСДТ мебошад, ки номзадияш ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон пешниҳод шудааст. Дар пасманзари пешниҳоди номзадии Маҳмуродов ба парлумон бедаракшавии писари ҷавонаш дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд.