Нигина Амонқулова ба Исроил меравад

Сарояндаи номии Тоҷикистон Нигина Амонқулова моҳи марти соли 2020 ба Исроил меравад. Дар ин бора худи овозхон хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Нигина Амонқулова барои нахустин бор дар ду шаҳри Исроил моҳи марти соли равон ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар ин бора, овозхон дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.

Бино ба эълоне, ки Нигина нашр кардааст, консертҳояш рӯзҳои 11 ва 12 марти соли 2020 дар шаҳрҳои Холон ва Рамла баргузор мешавад.

"Маринес" - суруди помирӣ дар иҷрои Нигина ва базми мардумӣ-видео

Гуфта мешавад, ки барномаи ҳунарии Нигина бо овози зинда сурат гирифта, ин консертҳояш бо ширкати ҳафт навозанда гузаронида мешавад.

Нигина Амонқулова тарки Душанбе кард? - Видео

Ин ҳунарнамоии нахустини овозхони машҳури тоҷик дар Исроил мебошад.