ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар масъалаи тақаллубкори ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 33-сола бо ариза муроҷита кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҷабрдида, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе мебошад.
Қаллобӣ: тасарруфи 60 000 сомонӣ ва бо роҳи фиреб соҳиб шудан ба мошини "Тойота-Кемри"
Ӯ муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2019 дар кӯчаи М.Турсунзода, марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 175 ҳазору 570-сомонӣ гирифтааст.
Ӯ ваъда додааст, ки бар ивази ин миқдор маблағ, ҳуҷҷатҳои лозима, аз ҷумла раводид ба Ҷумҳурии Канада, барои ба кор рафтанро дуруст мекунад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Дар Тоҷикистон сатҳи ҷиноятҳои қаллобӣ ва авбошӣ афзоиш ёфтаст
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.