Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раҳмонзода: минбаъд низ аз нерӯву таҷрибаи Орумбекзода истифода хоҳем кард

Собиқ ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири пешини фарҳанг Шамсиддин Орумбекзодаро аз кадрҳои соҳибтаҷрибаи кишвар гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Рӯзи 24 январи соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аҳли кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳангро бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг ошно намудааст.

Вазири дастрас: Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълом шуд - видео

Таъини вазирони нави фарҳанг, иқтисод, маориф, ёрдамчии Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион

"Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд".

Ҳамзамон, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат таъин гардид.

Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошта, ки Шамсиддин Орумбекзода яке аз кадрҳои соҳибтаҷрибаи кишвар ба ҳисоб меравад, ва минбаъд низ аз нерӯву таҷрибаи мавсуф самаранок истифода бурда хоҳад шуд.

Дар робита ба хизматҳои шоёни Шамсиддин Орумбекзода муовини вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода сухан гуфта, ба ӯ изҳори сипос кардааст.

Орумбекзода Шамсиддин Шодибек 18 марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишкадаи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.

Озода Раҳмон ва Шамсиддин Орумбекзода: 10-гонаи беҳтарини соли 2019 муайян шуд

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси омӯзгори мактаб шурӯъ намуда, дар давоми солҳои 1978-1980 дар вазифаҳои муҳаррири кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980-1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Шўрои намояндагони халқи ВМКБ кор кардааст.

Солҳои 1995-1997 дар мансаби сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти ВМКБ ва аз соли 1997 то 2000 раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон шуда кор кардааст.

Солҳои 2000-2011 дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи Раиси ВМКБ, муҳаррири рӯзномаи «Мӯнис», раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси ВМКБ фаъолият намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кардааст.

Бо ордени Шараф сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.