Милионҳо сомонӣ қарзи идораҳо дар назди коргарҳо

То кунун милионҳо сомонӣ қарзи музди меҳнати коргарон аз сӯи идораҳо дар вилояти Суғд пардохт ношуда боқӣ мондаас
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ин нукта дар ҷаласаи солонаи Иттифоқи касаба дар вилояти Суғд таъкид шудааст.

Пул нест: "Тоҷик Эйр" 200 кормандашро мураххас кард

Масъулини Иттифоқи касаба дар Суғд дар зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи худ аз ҷумла дар бораи пардохт ношуда боқӣ мондани музди маоши коргарон аз сӯи идораву корхонаҳо иброз намудаанд.

Аз омори ғайривоқеӣ то афзоиши қарзи обрасонӣ: нигаронии Зокирзода дар Мастчоҳ

Нӯъмон Обидзода, муовини раиси Шӯрои Иттифоқи касаба дар Суғд гуфтааст, ки ҳанӯз қарзи музди меҳнати кормандон дар ташкилотҳои комплекси агросаноатии вилоят ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 ба андозаи 2 милиону 157 ҳазору 239 сомонӣ ва дар КВД "Хуҷандобуканал" 192 ҳазор сомонӣ ва КВД Обуканал дар ноҳияи Зафаробод ба маблағи 11 ҳазору 576 сомонӣ пардохт ношуда боқӣ мондааст.

Бино ба гуфти Обидзода, идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳам барои пардохт кардани музди меҳнати коргарон қарздор будаанд.

"Ноҳияҳои Б. Ғафуров 82 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 607, 4 ҳазор сомонӣ, шаҳри Панҷакент 356, 1 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Мастчоҳ 200 ҳазор сомонӣ ва Ҷ. Расулов 463, 4 ҳазор сомонӣ барои пардохт намудани музди меҳнат қарздор мебошанд. Барои бартараф кардани он масъулини соҳаро зарур мебошад, ки ҳарчи бештар корбарӣ кунанд", - афзуд Обидзода.

Дар пайи баррасии муроҷиати сокинон-коргарони корхона масъулони Иттифоқи касаба дар Суғд, дар соли гузашта аз ҷумла дар пардохт шудани 83 ҳазор сомонӣ ҳаққи кормандон аз сӯи корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон", 12 ҳазор сомонӣ аз ҷамъияти ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва 850 сомонӣ музди меҳнати як ронандаи нақлиёти мусофиркаш дар шаҳри Хуҷанд мусоидат кардаанд.

Бар тибқи ҳисоботи солонаи Иттифоқи касаба дар вилояти Суғд соли 2019 бастани шартмаи коллективӣ дар бахши геология ҳамагӣ 66,7  дарсад ва дар самти хизматрасонии маишӣ 74,7 фисад бастани шартномаҳои коллективӣ ва сабти ном кардани онҳо дар идораи шуғли аҳолӣ дар сатҳи вилоят иҷро шудааст.