Аксҳои вазирону роҳбарони навтаъин дар Ҳукумат

Sputnik

Бо фармони кишвардори Тоҷикистон, сардори нави Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич таъин шудааст.

Нашри амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ҳукумат: тағйироти кадрӣ

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон, Назарзода Кудратуллоро аз мақоми сардори Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд сабукдӯш кард.

Кишвардори Тоҷикистон Вазири маориф Нуриддин Саидро аз мақом барканор ва ҷойгузини ӯро Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ интихоб кард.

Президент муовини аввали Озода Раҳмонро таъин кард

Зимнан тағйироти кадрӣ дар Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ ба амал омада, бо фармони Раҳмон, Завқӣ Завқизодаро вазири нави ин вазорат таъин кард.

Раҳмон дар дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур низ тағйирот гузаронда, роҳбари собиқи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозодаро муовини аввали Озода Раҳмон таъин кард.

Зикр мегардад, ки Раҳмон дар фаъолияти роҳбарону масъулини як қатор вазорату идораҳо. сохторҳои назди ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ камбудиву норасоиҳо ошкор намуд.

Раҳмон камбудӣ ёфт: шарҳи расмии тағйироти кадрӣ аз сӯи котиботи Президент-аксҳо

Дар пайи тағйироти кадрӣ, генерал - майор Шоҳ Искандар низ аз вазифаи сардори шӯъбаи 1 - уми умури дохилӣ дар шаҳри исфара сабукдӯш ва сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон таъйин шудаст.

Собиқ Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид ба курсии Роҳбари Кумитаи телевизион такя зад.

1 / 10
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар сохторҳои қудратӣ, вазорату идораҳо ва кумитаҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал баровард
2 / 10
Ҳамин тавр Раҳмон дар Вазорати умури дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард
3 / 10
Кишвардори Тоҷикистон Вазири маориф Нуриддин Саидро аз мақом барканор ва ҷойгузини ӯро Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ интихоб кард
4 / 10
Зимнан тағйироти кадрӣ дар Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ ба амал омада, бо фармони Раҳмон, Завқӣ Завқизодаро вазири нави ин вазорат таъин кард

5 / 10
Раҳмон дар дастгоҳи раисҷумҳур низ тағйирот гузаронда, роҳбари собиқи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро муовини Озода Раҳмон таъин кард
6 / 10
Зикр мегардад, ки Раҳмон дар фаъолияти роҳбарону масъулини як қатор вазорату идораҳо. сохторҳои назди ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ камбудиву норасоиҳо ошкор намуд
7 / 10
Тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон
8 / 10
Дар пайи тағйироти кадрӣ, генерал - майор Шоҳ Искандар низ аз вазифаи сардори шӯъбаи 1 - уми умури дохилӣ дар шаҳри исфара сабукдӯш ва сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон таъйин шудаст
9 / 10
Собиқ Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид ба курсии роҳбари кумитаи телевизион такя зад
10 / 10
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар феҳрасти мақомдорони навтаъин дар ин ниҳод 15 нафар, аз ҷумла 4 генералро ном бурдааст