Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Таъини ректорони нави донишгоҳу донишкадаҳо: пешинаҳо ба парлумон пешбарӣ шуданд

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон озод шуда, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат, Шодиён Муҳаммад Султонзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озод кардааст. Муҳаммад Шодиёнро Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 1 март номзад ба вакилӣ пешниҳод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон исломшиноси №1 - и Тоҷикистонро барканор кард

Инчунин бо қарори Ҳукумат, Асрорзода Убайдулло Саттор ба ҷои Фозил Обидов ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъин гардид.  Ахиран Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи Шоҳмансур №3 номзадии Обидов Фозил Саидовичро ба вакилӣ дар парлумон пешниҳод кард.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки то ҳол ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа буд, ба иттилои расонаҳо ба ҷои Муҳаммадюсуф Имомзода ректори Донишгоҳи миллӣ таъин шудааст. Имомзода бо фармони раисиҷумҳур мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон гирифт.

Инчунин бо қарори Ҳукумат Шарифзода Боймурод Бобопур директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.