ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозодаро муовини аввали Дастгоҳи Иҷроияи Президент таъин кард.
Кӣ куҷо рафт? рӯйхати 15 генерал, полковник ва майори навтаъин дар ВУД
Абдуллозода Аҳтам Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба вазифаи муовини аввали роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президент таъйин шуд.
Дар баробари ин, Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод гардид.
Неъматулло Ҳикматуллозода аз мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо барканору ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ таъин гардид.
Бозгашт: Абдуҷаббор Раҳмонзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд
Ҳамчунин мувофиқи фармони Президент ёвари президенрт дар умури робита бо ҷомеа аз мақомаш барканор ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд.
Раҳмон камбудӣ ёфт: шарҳи расмии тағйироти кадрӣ аз сӯи котиботи Президент-аксҳо