ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар донишгоҳҳои Чин, аз қабили Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай ва Донишгоҳи миллии Пекин донишҷӯён забони тоҷикиро муваффақона меомӯзанд, хабар додааст “Ховар” аз қавли Лю Бин.
Сафири Чин дар Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ додааст, ки ҳоло дар Чин 3500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
“Тибқи мушоҳидаҳои ман, забони чинӣ низ дар байни тоҷикон маъмул аст”, - изҳор доштааст сафири Чин.
Ӯ дар мавриди ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар афзудааст, ки гардиши мол байни Чин ва Тоҷикистон аз 2,75 миллион доллари соли 1992 ба 660 миллион доллар дар соли гузашта расид. Ба гуфтаи Лю Бин, соли 2019 Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи 210 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Ӯ илова намудаст, ки феълан гуфтушунидҳо барои ифтитоҳи Маркази фарҳангии Чин дар Душанбе ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Пекин идома доранд.