Маҷлиси ғайринавбатӣ: баррасии ду масъалаи муҳим дар Маҷлиси миллӣ

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон Маҷлиси ғайринавбатӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имрӯз, соати 16:00, дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Фармони Раҳмон барои ҷаласаи ғайринавбатӣ: баҳси таъиноти додситони кулл ва Роғуну Талко

Дар ин бора сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

“Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли 2020 аз соати 8:00 то соати 15:00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, утоқи кори шуъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз фармони раисҷумҳури кишвар дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум ба тасвиб расида буд.

Раисиҷумҳур ба Маҷлиси миллӣ ду масъаларо пешниҳод кардааст, ки яке марбути таъиноти додситони кулли Тоҷикистон ва дигаре аз моликияти истисноии давлат хориҷ кардани нерӯгоҳи "Роғун" ва корхонаи алюминиюм "Талко" мебошад.

Масъалаи якум дар бораи додани ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, омадааст дар фармон.

Масъалаи дуюм тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” мебошад. Бар асоси тағйирот ба қонуни мазкур Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” аз феҳристи иншооте, ки хусусигардонияшон мамнуъ буд, хориҷ карда шуданд.