Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Кӣ куҷо рафт? рӯйхати 15 генерал, полковник ва майори навтаъин дар ВУД

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз иддае аз раҳбарони навтаъини шӯъбаву раёсатҳои маҳаливу вилоятии Вазорати умури дохилии кишварро ба ҳузур пазируфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар феҳрасти мақомдорони навтаъин дар ин ниҳод 15 нафар, аз ҷумла 4 генералро ном бурдааст.

Таъини вазирони нави фарҳанг, иқтисод, маориф, ёрдамчии Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион

Дар поён рӯйхати пурраи афроди навтаъиншуда, ки аз сӯи маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “як зумра кормандони ҷавон ва соҳибтаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ” муаррифӣ шудаанд, ироа мешавад:

- генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд;

- генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи Намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомулоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо;

 - генерал-майори милитсия Орифзода Нурулло Марифхон ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд;

Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вазири нави маориф кист?

- генерал-майри милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд;

 - полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлон;

 - полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;

 - полковники милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;

Абдурозиқ меҳмонхона месозад: изи пои Алӣ (а), шоҳи кофир ва қурутоби "девона" - видео

 - подполковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

 -подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

 - подполковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;

 - подполковники милитсия Муҳиддинзода Файзиддин Шамсуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон;

Фармони Раҳмон барои ҷаласаи ғайринавбатӣ: баҳси таъиноти додситони кулл ва Роғуну Талко

 - подполковники милитсия Мирзоев Саидаҳрор Раҳимович, ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон;

- майори милитсия Солеҳзода Неъматулло Саъдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон;

 - майори милитсия Қурбонали Пулод Барфӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, таъйин гардиданд.