Абдурозиқ меҳмонхона месозад: изи пои Алӣ (а), шоҳи кофир ва қурутоби "девона" - видео

Абдурозиқ дар навори охирин аз зодгоҳаш, дар бораи изи пои ҳазрати Алӣ (а), шоҳи кофир ва қурутоби "девона" нақл мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Абдурозиқ наврасе, ки чор моҳи пеш аз сӯи гурӯҳи репсарои Барон ба Душанбе оварда шуд, пас аз гузоштани рекорд дар шабакаи Youtube ба Панҷакент баргашту нақшаҳои навашро гуфт.

Ахиран суруду намоҳангҳои Абдурозиқ ва Барон аз сербинандатарин маводҳо миёни сурудҳои тоҷикӣ дар Youtube  шуд.

Абдурозиқ дар филми охирин аз зодгоҳаш дар бораи нақшаи худ-сохтмони меҳмонхона гуфта тарзи омода кардани қурутобро ба ҳаводоронаш нишон дод.

Ба гуфти Абдурозиқ ба зодгоҳи ӯ деҳаи Ғиждарва  сайёҳони зиёде меоянд, вале ин ҷо меҳмонхонае нест, ки онҳо тавонанд бароҳат шабро саҳар кунанд.

"Мо, насиб бошад мехоҳем як меҳмонхонае созем, ки сайёҳон дигар дар зери сангҳо хоб нараванд", - мегӯяд Абдурозиқ.

 Абдурозиқ ҳамчунин дар ин филми кӯтоҳ дар бораи маконҳои тамошобоб ва муъҷизаноки зодгоҳаш аз ҷумла - изи по ва асои ҳазрати Алӣ (а) ва чароҳгоҳҳое, ки ӯ нахустин сурудҳояшро сароида буду дар интернет машҳур шуд, нақл мекунад.

Эй акси рухат ҷон... Нашри нахустин намоҳанги Абдурозиқ дар соли 2020

Ӯ ҳамчунин ба ҳаводорони худ тарзи омода кардани қурутоби ба гуфти худаш "девона" - ро нишон медиҳад, ки аз фатир, оби қурут, пиёз ва гӯшти дар равғани зард зирбонидашуда, омода мешавад, нишон дод.

Абдурозиқ ҳоло сокини 17-солаи шаҳри Панҷакент аст, вале сабаби қадпастии ӯро волидонаш ба бемории рахит рабт медиҳанд, ки аз овони хурдсолӣ дучори он шудаву онҳо он замон имкони табобаташро надоштанд.

Вале бо ин вуҷуд Абдуроззиқ як наврасе, ки ақлу хотираи қавӣ дорад ва суҳбатҳояш хеле ширин аст. Ҳатто ҳозирҷавобу чаққон аст.

Ӯ сурудхониро хеле дӯст медорад. Бо дарки ин ҳама вижагиҳо Барон, ӯро ба ҳамкорӣ хоста, худаш сарпарастии ӯро ба зимма гирифта ба Ғиждарва омаду Абдурозиқро ба Душанбе бурд.

Барон ва Абдурозиқ ҳамроҳ чанд суруд сапт кардаанд.

Бозгашти Абдурозиқ ба зодгоҳаш Панҷакент баъди “инқилоб” дар Ютуб

Нахуст суруди “Ватан - Модар” , ки нашри он ҳанӯз дар рӯзҳои аввал марзи як милион тамошобинро дар Youtube гузашт.

Маро тоқа намон: нашри суруду намоҳанги нави Абдурозиқ-видео

Ё худ суруди “Оҳанги дили зор”-и Абдурозиқро то ин муддат 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле "инқилоб" дар ҷодаи сарояндагӣ дар Youtube гуфта мешавад.

Ҳатто нашри навори охирон аз зодгоҳи Абдурозиқ, ки рӯзи 21 январ нашр шудааст то имрӯз ду рӯз дар  бештар аз 120 ҳазор нафар тамошо карда, 7 ҳазори дигар мақбул дониста ва даҳҳо корбари дигар ба маҳорати сурудхонии Абдурозиқ ибрози назар намудаанд, ки далели таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба ҳунару маҳорати сурудхонии ӯ мебошад.