Ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар пайи садамаи маргбор дар Қазоқистон

Дар вилояти Актобаи Қазоқистон дар пайи бархӯрди марговари сабукрав бо боркашон се нафар ҳалок шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар 1139 километрии шоҳроҳи "Самара-Шимкент" садамаи маргбор рух дод, хабар медиҳад  zakon.kz дар истинод ба шӯъбаи полиси минтақаъ.

Ҳалокати ҷавонзани 30-сола дар як садамаи маргбор

Дар пайи садама сабукрав, ки таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон будаасту ҳомили 4 мусофир,  ба автомобили боркашон, таҳти идораи ронандаи узбек, бархӯрдааст.

Боркашон низ ҳомили чор нафар будааст.

Милисаҳои Душанбе тайи се рӯз пайвандони зани дар садама ҳалокшударо меҷӯянд

Бино бар иттилои манбаъ, садама бо ҷурми ронандаи сабукрав сар задааст: ӯ дар роҳи яхбаста аз ӯҳдаи идораи автомобил набарасода, ба қисмати муқобили ҳаракати роҳ баромадааст.

Қайд карда мешавад, ки худрави сабукрав ба давраи зимистон омода набуд.

Дар натиҷа ду нафар дар ҷои ҳодиса ва як тани дигар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. 

Эҳтимол меравад, мусофирони мазкур барои убури марз ба Қазоқистон рафта буданд ё аз Русия ба ватан бармегаштанд.