Путин сиёҳтарин саҳифаи таърихи муосири ҷаҳонро гуфт

Президенти Русия Владимир Путин барои иштирок дар Форуми умумиҷаҳонии Ҳолокост ба Ерусалим ташриф овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 январ - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар Форуми умумиҷаҳонии Ҳолокост (қатли омавии яҳудиён аз ҷониби фашистон дар нимаи аввали асри ХХ) дар Ерусалим сухан гуфт.

Дар суханронии худ, раҳбари Русия ҳалли масъалаи қатли яҳудиёнро аз ҷониби фашистон яке аз саҳифаҳои сиёҳ дар таърихи муосири дунё номидааст.

Сафари Путин ба Олмон: ҳалли низоъ дар Либия ва мулоқот бо Эрдуғон

"Ҷиноятҳое, ки фашистон ба амал оварданд, дидаву дониста ва мувофиқи нақша буданд, ҳалли ниҳоии масъалаи яҳудиён ҳамкасбони мӯҳтарам, ин яке аз сиёҳтарин ва шармовартарин саҳифа дар таърихи муосири дунё мебошад", - гуфт Путин.

Президенти Русия диққати ҳозиронро ба он ҷалб кард, ки дар ин ҷиноят дасти шарикон ҳам ҷой дорад.

"Аммо мо фаромӯш нахоҳем кард, ки дар ин ҷиноят инчунин дасти шарикон ва миёнравон ҷой дошт. Дар бераҳмӣ онҳо аксар вақт аз хоҷагони хашмовартар буданд", - илова кард Путин.

Роҳбари Русия илова намуд, ки ҷудоиандозӣ дар ҷаҳони муосир метавонад оқибатҳои даҳшатоварро ба бор орад.

Дар ин робита, Путин пешниҳод кард, ки панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд як нишасти муштараки амниятӣ баргузор кунанд. Ба ақидаи ӯ, чунин мулоқот дар ҷустуҷӯи посухҳои коллективӣ ба чолишҳо ва таҳдидҳои назаррас нақши бузург хоҳад дошт.