Кам ва қимат: мудири Somon Air нархи сӯзишворӣ дар Душанберо гаронтарин хонд

Томас Халлам, мудири ширкати Somon Air далели дар миёнароҳ – дар Қазоқистону Туркманистон барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд омадани ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро ба камбудию қиматии сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе рабт додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Фуруди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон барои гирифтани сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Шимкенту Ишқобод ҳам барои мусофирон ва ҳам барои ширкатҳои мусофирбар нороҳаткунандаю пурхарҷ мебошад, изҳор доштааст Томас Халлам зимни ҷаласаи аъзои IATA ва IOSA.

Таъхири 12-соатии парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Петербург ба Душанбе

Мудири Somon Air омили аввали ин равандро ба камбуди сӯзишвории ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе тайи солҳои охир рабт дод, навиштааст Sputnik Қазоқистон.

"Сомон Эйр" муваққатан парвозро аз болои Эрон қатъ мекунад

Ӯ сабаби дигарро гаронии нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе гуфт.

“Дар фурудгоҳи Душанбе тарофаи баландтарини таъмини сӯзишворӣ дар ҷаҳон мебошад. Аммо сарфи назар аз нарх, ширкати мо азм дорад то ҳадди имконпазир дар Душанбе сӯзишворӣ гираду парвозро бидуни фуруд дар нимароҳ анҷом диҳад”, - изҳор доштаст мудири Somon Air.