ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани як муттаҳам дар куштори марди 35-сола дар Ҳисор хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, қотили эҳтимолиро пас аз дарёфти маълумот дар бораи ҷинояти куштор, худи ҳамон рӯз дастгир кардаанд.
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 35-солаи сокини деҳаи Хоҷамусои шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 09:00 шавҳарашро дар манзилашон ба қатл расониданд.
"Ба гуфтаи вай, "Исо" ном шахс, шавҳараш – марди 35-соларо дар хонаи истиқоматиаш бо корд 3-маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Куштор дар қаҳвахонаи "Сабрина": сокини пойтахт марди 57 соларо то мурдан кӯфт
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини деҳаи Хоҷамусо бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.