Ишқи маргбори духтари ҳамсоя: қатли Хуршед Ғолибови 21 сола-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Нурмуҳаммад Нуров, зодаи соли 1979 хабар дод, ки дар қатли Хуршед Ғолибови 21-сола айбдор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Нуров Нурмуҳаммад, сокини деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, дар пайи як муноқиша ҳамсояи худ Ғолибов Хуршеди 21-соларо бо зарби корд ба қатл расондаст, гузориш дод ВУД Тоҷикистон. Манбаъ афзуд, ки ҳодиса 14 январ дар хонаи истиқоматии марди муттаҳам рух додаст.

Қаблан сомонаи Фараж хабар дод, ки ин куштор дар заминаи ишқи нокоми Хуршеди марҳум бо духтари марди муттаҳам рух додаст.

Манбаъ афзуд, марҳум дар ҳамсоягии духтар зиндагӣ мекард ва нияти бо ӯ хонадор шуданро доштаст. Вале падари духтар ду маротиба ба хостгорҳои фиристодаи Хуршед ҷавоби рад дода, духтарашро ба як хеши дураш аз деҳаи ҳамсоя номзад кардааст.

Гуфта мешавад, ҷавони ошиқ ба хотири розӣ кунондани падари дӯстдухтараш ба хонаи ӯ омад, вале ҳадафи корд қарор гирифтаст.

"Нуров Нурмуҳаммад падари хонавода сари ҷаҳлу хашм ҷавони хундарҷӯши ошиқро ба хона медарорад ва бо истифода аз корди хоҷагӣ гулӯяшро мебурад", - омадааст дар хабар.

Феълан муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.