Боздошти як корманди БДА ба гумони ришвахӯрӣ

Як нозири бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Ашт ҳангоми гирифтани шаш ҳазор сомонӣ ришва аз як ронанда дастгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ба иттилои манобеъ, М. А., корманди БДА дар ноҳияи Ашт, барои озод намудан аз ҷавобгарӣ, аз як ронандаи маст пора гирифтааст.

"Корманди БДА, дар ҳолати мастӣ сари чанбарак нишасти як ронандаро ошкор карда, вале барои озод кардан аз ҷавобгарӣ аз вай 6- ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. Ҳангоми гирифтани маблағи ришва, кормандони Раёсати мубориза бо коррупсия, ин корманди БДА-ро дастгир намудаанд", -  гуфт манбаъ.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ин ҳодиса як ҳафта пеш дар роҳи ҳудуди ноҳияи Ашт рух додааст ва ҳоло мақомот дар Раёсати ожонсии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба таҳқиқи парванда шурӯъ кардаанд.

Боздошти сардори шӯъбаи БДА ва муовини ӯ: талаби 5 ҳазор сомонӣ аз ронандаи маст

Бар асоси тағйироти ахир ба қонунҳо аз ҷумла Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми ҷаримаи ронандаҳои маст ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 17,400 сомонӣ баробар шуда дар зимн маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Баъди порагирӣ аз хориҷиҳо: Назарзода гуфт, нозирон забони хориҷӣ ва рафтори некро омӯзанд

Чанде пеш Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар Суғд аз боздошт ва муҷозоти 85 ронандаи сархуш дар шаби аввали соли нави мелодӣ дар шаҳру навоҳии вилоят хабар дода, гуфт, ки “таҷриба нишон медиҳад, ки ин намуд ҳуқуқвайронкунӣ заминаи воқеии мусоидаткунанда ба рухдоди эҳтимолии садама аст”.