Қадрдонии вазир аз ронандае, ки беш аз ним аср бе нуқсон кор кардаст

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ронандаи собиқадор, ки беш аз ним аср дар ин сохтор софдилона кор кардааст, қадрдонӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Маросими қадрдонии Ҳасан Хошаков, ронандае, ки аз соли 1952 инҷониб дар пойгоҳҳои нақлиётӣ фаъолият кардааст, зимни ҷаласаи мушовараи Вазорати нақлиёт баргузор гардид.

Вазири ҷабрдида аз дағалии ронандаи мусофирбар: чӣ карду ба дигарон чӣ маслиҳат медиҳад?

Ба иттилои котиботи Вазорат, Хошаков, яке аз фаъолони соҳа, марди шариф, покизакор ва софдил бо унвони “Нақлиётчии фахрӣ” мушарраф гардид.

Худоёрзода зимни тақдими нишони сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ба Ҳасан Хошаков дар ҳузури мақомдорони баландпояи соҳаи нақлиёт, изҳор доштааст, ки аз чунин шахсон бояд ибрат гирифт.

“Ин марди шариф дар соҳаи нақлиёт аз соли 1952 ба ҳайси ронанда вориди кор шуда, тамоми умр дар автобазаҳои боэътибори ҷумҳурӣ пурмаҳсул ва бидуни нуқс кор кардааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати нақлиёт таъкид кардааст, ки Хошаков борҳо бо ифтихорномаҳо ва мукофоти модиву маънавӣ сарфароз гардонда шудааст.