Ҳалокати шаҳрванди 24 -солаи Тоҷикистон дар Петербург: аз ошёнаи 17 ба замин сарозер шуд

Шаҳрванди 24 - солаи Тоҷикистон, ки тоза ба кор дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ даромад, аз ошёнаи 17 - уми бинои сохтмонаш нотамом сарозер шуд ва ҷон аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Санкт - Петербург як тоҷикистонӣ ҳини аз ошёнаи 17 - уми бинои сертабақа ба замин сарозер шудан, ба ҳалокат расид.

Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург ба чоҳи лифт сарозер шуданд

Дар ин бора Невские Новости бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Санкт - Петербург хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 24 - солаи Тоҷикистон чанд рӯз қабл ба кор дар як ширкати сохтмонӣ, ки ба сохтусози бинои истиқоматии "Сэтл Сити" машғул аст, даромада буд.

Муҳоҷири тоҷик дар як сохтмони шаҳри Маскав ба ҳалокат расид

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи нохуш рӯзи 21 - уми январ дар хиёбони Комендантский рух додаст. Муҳоҷири тоҷик баробари ба замин сарозер шудан, дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст додаст.

Гуфта мешавад, феълан дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҷавони тоҷик аз ошёнаи 7 афтиду зинда монд

Зимнан, кормандони пулис пас аз тафтиш намудани ҳуҷҷатҳои муҳоҷири ҳалокшуда, ягон қоидавайронкунӣ ошкор накарданд.