ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Мухлисони Садриддини Наҷмиддин ӯро ҳамчун шоҳи эстрадаи тоҷик муаррифӣ мекунанд. Ин сарояндаи муваффақ ва саршиноси тоҷик чанд рӯзи пеш аз 40 - солагии худ ҷашн гирифт, аммо берун аз Тоҷикистон.
Мухлисони тоҷики Садриддин нагузоштанд, ки ӯ худро дар мулки ғариб танҳо эҳсос кунад ва аз ин рӯ сафҳаҳои иҷтимоии Садриддинро аз паёмаку таманнияти самимӣ пур карданд.
"Рейтинги ситора"-ҳо: аз пешсафии Шабнам то мақоми охири Валиҷон
Зимнан, Садриддин бо ҷо додани як сабти видеоӣ дар Instagram ба кулли мухлисон изҳори миннатдорӣ намудааст.
"Ташаккур азизони дил, ман аз Шумо миннатдорам. Табрикотҳои самимиву зебои Шумо маро дар мулки ғарибӣ шод намуданд".
Садриддин Наҷмиддин 19 - уми январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ давоми се сол бо аҳли оилааш берун аз Тоҷикистон, дар Амрико ба сар мебарад.
Ёдовар мешавем, ки овозхони саршиноси Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддин пас аз танаффуси тӯлонӣ, намоҳанги нави худро рӯзи 20 - уми декабри соли гузашта дар YouTube нашр намуда буд.
Шумори тамошобинони ин намоҳанг марзи як миллион нафарро аллакай убур кардааст.