Захира кунед: ду ноҳияи Душанбе давоми як шабонарӯз бе об мемонанд

Дар якчанд кӯчаҳои ду ноҳияи калони пойтахт интиқоли об аз шаби 21 - уми январ то 22 - юми январ қатъ мешавад. Мақомоти шаҳр аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки об захира кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Чанде аз кӯчаҳои навоҳии Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ интиқоли об барои як шабонарӯзмасдуд мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар.

Захира кунед: эълони қатъи обрасонӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои Душанбе

Ба иттилои манбаъ, аз соати 23:00 –и   21 январ  то соати 24:00 - и  22 январи соли  равон, интиқоли  оби  нӯшокӣ  дар кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулови  ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин, Теҳрони  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ: обро захира кунед дар баъзе кӯчаҳои Душанбе интиқоли он қатъ мегардад

Омили қатъ гардидани интиқоли об дар кӯчаҳои мазкур ба пайваст намудани шоҳқубурихобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи шоҳмансур рабт дода мешавад.

Зимнан, дар робита ба қатъ гардидани интиқоли об, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" муваззаф гардидаанд, ки дар давраи  иҷрои   корҳои  ба  нақша  гирифташуда  бо  истифода  аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Захира кунед: интиқоли об дар 2 ноҳияи Душанбе қатъ мешавад

Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.