Шарҳи Қаҳҳорзода аз 581 миллион қарзи андоз дар назди Президент

Бино бар ҳисоботи Қаҳҳорзода, бақияи карзи андоз ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 — 144 млн. сомонӣ кам гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз даромади буҷаи давлатӣ дар соли 2019 ҳисобот дода, 581 миллион сомонӣ бақияи қарзи андозро шарҳ додааст.

Баҳси фоида: банде, ки Президент танқид кард, аз Кодекси андоз хориҷ шуд

Зимни ҳисоботи вазири молия дар маҷлиси васеи Ҳукумат таъкид гардид, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардида, воридоти маблағҳо 23,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ бошад 5,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст.

Баҳси иқтисоди рақамӣ, андоз, таъмини мардум бо кор ва нақшаи Ҳукумат дар соли 2020

Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн.сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда нашуд.

"Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд", - тавзеҳ додааст вай.

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи карзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 — 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 3 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 852 миллион сомонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъкид кард.