Дар Эрон барои каллаи Трамп се миллион доллар ваъда карданд

Аҳмад Ҳамза, намояндаи мардуми Кирмон расман барои каллаи аз тан ҷудои президенти Амрико Доналд Трамп 3 миллион доллар ваъда кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Намондаи мардумӣ аз музофоти Кирмони Эрон Аҳмад Ҳамза расман барои эъдоми президенти Амрико Доналд Трамп се миллион доллар ваъда кардааст. Дар ин бора Sputnik Эрон дар истинод ба оҷонсии IRNA гузориш медиҳад.

"Аз номи сокинони Кирмон  мо ҷоизаи пулиро дар ҳаҷми се миллион доллар ба нафаре медиҳем, ки Доналд Трампро кушад", - изҳор доштааст вай.
Трамп мегӯяд ҳузури Амрико дар Сурия ҳатмӣ ва зарур аст

Маълум нест, ки оё ин изҳороти намояндаи мардумиро мақомоти Эрон расман шарҳ додаанд ё не.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки як пойгоҳи низомии дигари Амрико дар Ироқ мушакборон шуд.

Пойгоҳи низомии Ат-Тоҷи дар шимоли Бағдод, ки дар он қӯшунҳои амрикоӣ ҷой дода шудаанд, таҳти ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Тавре низомиёни Ироқ хабар додаанд, пойгоҳ бо силоҳи "Катюша" тирборон шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи ҳамла нафаре аз низомиёни амрикоӣ зарар надидаанд.

Таниш байни Амрико ва Эрон аз аввали соли равон идома меёбад. Аммо пас аз куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ муносибатҳои ду кишвар муташанниҷ гашт. Эрон эълом кард, ки аз ИМА сахт қасд хоҳад гирифт ва чанд пойгоҳи Амрикоро ҳадафи ҳамалот қарор дод.

Доналд Трамп дар посух гуфт, ки ҳамлаи навбатии Эрон ба шаҳрвандони Амрико "посухи тез ва қавӣ" хоҳад гирифт.