ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Александр Дзабирадзеи 44-сола самураббии тими миллии футзали Тоҷикистон таъин шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилои манбаъ, тасмими интисоби Дзабирадзе ба вазифаи сармураббигии тими миллии футзали кишар дар ҷаласаи 18 январи ФФТ гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Деян Дедович, сармураббии собиқи тими миллии футзали ҶТ баъди поён ёфтани муҳлати қарордодаш бо федерасиюни футболи кишвар барои идомаи фаъолият ба АМА рафт.
Дзабирадзе ҳамчун футзалбоз дар бошгоҳҳои "Полигран" (Маскав), "Спартак" (Маскав), "АММК" (Боку), "Ораз" (Боку), "Ансор" (Алматӣ), "Иберия Стар" (Тбилиси) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар таркиби тими миллии Гурҷистон дар 65 бозӣ ширкат кардааст.
Дзабирадзе соли 2016 сармураббии бошгоҳи “ТМС”-и Тифлис шуд. “ТМС” бо ҳидояти ӯ дар лигаи қаҳрамонони футзали УЕФА ширкат кардааст.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии футзали Тоҷикистон рӯзҳои 26 феврал-8 март дар 16-умин қаҳрамонии Осиё ширкат мекунад. Тоҷикистон ҳамзамон бо Туркманистон, Ветнам ва Уммон шомили гурӯҳи “А” шуд.