Коршинос сабабҳои эҳтимолии фурӯши саҳмияҳои "Роғун" ва "Талко"-ро гуфт

Коршиноси рус сабабҳои эҳтимолии иҷозати хусусӣ гардонидани нерӯгоҳи "Роғун" ва ширкати "Талко"-ро шарҳ дода, гуфт, ки ин иқдоми пешгирифтаи давлат вазъро беҳтар мегардонад ё хайр
Sputnik

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта тағйироти мазкур ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”-ро, ки Ҳукумати кишвар пешниҳод кард, қабул намуд.

Коршинос сабабҳои эҳтимолии фурӯши саҳмияҳои "Роғун" ва "Талко"-ро гуфт

Бар асоси тағйирот, ки лоиҳаи онро раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 декабри соли гузашта имзо карду Маҷлиси намояндагон ҳафтаи пеш пазируфт, аз моддаи 9-и қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд.

Коршиноси рус Олег Богданов мегӯяд, эҳтимол меравад, ки сабабҳои иҷозати давлати Тоҷикистон ба хусусӣ гардонидани нерӯгоҳи "Роғун" ва ширкати "Талко" чанд далел бошад.

Ба гуфти коршинос сабабҳои асосии он метавонад мушкилии молӣ ё қарзи худи давлат ва ё нерӯгоҳ бошад. 

Богданов афзуд, ки одатан ин иқдомро дар ҳолати ба мушкилии молӣ дучор шудан, пеш мегиранд.

Пештар мудири кулли Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода дар рафти маҷлиси васеи Ҳукумат ба раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ ҳисобот додааст. 

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад, президент Эмомалӣ Раҳмон баъди шунидани гузориши Сафрзода, чанд супориши қатъӣ додааст.

Гуфта мешавад, супоришҳо иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ, истифодаи мақсадноки буҷа дар сохтмони "Роғун" ва сари мӯҳлат ба истифода додани НБО-ро дар бар мегирифтанд.