ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 19-уми январи соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сар задааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Дӯстов Талабшо, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Дӯстӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело”, таҳти идораи ронанда, Қулчиев Абдулло Анақулович, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело”, Қулчиев А.А. ва мусофираш Гулмаҳмадов Абдумалик Ҳасанович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”, - таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.
Ҳамзамон масъулини вазорати умури дохила афзудаанд, ки бар асари садамаи мазкур мусофири дигари автомашина Раҳматуллоева Фарангис Ашуровна, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Левакант, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.