Даргузашти Ҳайдарӣ пас аз сафари Душанбеву Маскав

Ҷавоншер Ҳайдарӣ, раиси Иттиҳоди синамогарони Афғонистон дар синни 67 – солагӣ дунёи фониро падруд гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ, собиқ корманди сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Спутник Тоҷикистон” гуфт, марҳум субҳи имрӯз дар манзилаш дар шаҳри Кобул ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Як Аҳмадшоҳ мурду садҳо таваллуд шуд: чаро тоҷикони Афғонистон нуфузашонро гум мекунанд?

“Ҳамин рӯз якшанбе бо ҳам дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе хеле гап задем ва ӯ аз Москва омада буд, дар мавриди корҳои синмогарон кишвар ва роҳ пайдо кардани он ба ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ сӯҳбатҳои нағз доштанд. Ҷавоншер Ҳайдарӣ пирамарди ҷавонгарои синамои Афғонистон, ки шахси самимӣ ва хуштабъ буд, солҳои зиёде дар ин арса кор карда буд”, - гуфт Кӯҳдоманӣ.

Ҷавоншер Ҳайдарӣ соли 1952 дар Шаҳри Куҳнаи Кобул таваллуд шуда, таҳсилоти миёнаро дар литсейи олии “Ҳабибия” ва олиро дар риштаи геологияи Донишкадаи Кобулро ба поён расондааст.

Ҳайдарӣ аз даврони мактабӣ ба ҳунару нақшофаринӣ ва омода кардани намоишномаҳо шавқу рағбат дошт ва яке аз фаъолони Кумитаи фарҳангии Донишгоҳи Кобул буда, аксари нақшҳои асосиро бозӣ мекард.

Ӯ дар намоишномаҳои машҳури он замон, назири "Бале гуфтан" – и Ҷалол Нуронӣ ва "Хасис" – и Молер нақши асосиро бозидааст. Ҳанӯз дар донишгоҳ ӯ бо радио ва телевизиони Афғонистон ҳамкорӣ карда, теъдоди зиёде аз филмҳои телевизиониро коргардонӣ ва дар иддае, назири "Деҳкадаҳо бедор мешаванд”, “Гуноҳ”, “Сабур сарбоз”, “Ҳодиса”, “Алмоси сиёҳ”, “Рӯё” ва “Сарбунд" нақши асосиро бозидааст.

 Ӯ яке аз синамогарони муваффақи Афғонистон ба ҳисоб рафта, коргардони филмҳои маъруфи "Бобо”, “Каҷроҳ” ва “Алмоси шарқ" (дар бораи Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруф) мебошад.

Ҳангоми ҳукумати Толибон ӯ дар муҳоҷират қарор дошт ва пас аз 13 соли бозгашт ба ватан филми "Ҷодугари сабз" – и Ҷалол Нуронӣ ва филмҳои "Охирин шаб" ва "Охирин шеър" - ро таҳия ва коргардонӣ намудааст.

Ӯ аз соли 2001 ба ин сӯ раиси Иттиҳодияи синмогарони Афғонистон буд. Ҳайдарӣ дар замони Толибон бештари вақти худро дар Тоҷикистон гузаронида, ҳамин ҷо филми “Алмоси Шарқ” – ро ба навор гирифтааст.