ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Парвози ҳавопаймои хатсайри Петербург-Душанбе барои 12 соат ба таъхир афтод.
Ин хабар дар таблои маълумотдиҳии фурудгоҳи "Пулково" нашр шудааст.
Парвози ҳавопаймои хатсайри SZ 204 аз рӯи ҷадвал, бояд рӯзи 20 январ соати 0:05 сурат мегирифт, вале парвози он 12 соат ба таъхир афтод.
Ҳамин тавр парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" бо дарназардошти таъхир соати 12:00 бо вақти маҳаллӣ, анҷом дода мешавад.
Сабаби аслии ба таъхир афтодани парвоз гуфта нашудааст.
Киштии ҳавоӣ ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тааллуқ дорад.
Таъхири 7-соатии парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе
Ёдрас мешавем, ки рӯзе пеш низ бо ҳавопаймо ширкати "Сомон Эйр" дар хатсайри Екатеринбург-Душанбе чунин ҳодиса рух дода буд.
Парвози ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург-Душанбе барои 7 соат мавқуф гузошта шуда буд.