Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона аз 6-11 то 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 29-34 ва рӯзона 6-21 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

КҲФ дар ВМКБ фаъолиятро пурзӯр мекунад

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок дар назар буда, борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

КҲФ: ях бастани роҳ сабаби чаппа шудани мошини боркаш ва ҳалокати мусофири он шуд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 6-11 то 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.