Доктор Абдуллоҳ: сулҳ дар инҳисори як нафар буда наметавонад

Раиси иҷроияи кишвар мегӯяд, ки сулҳ хости ҷамъи мардуми Афғонистон аст ва вазорату давлат дар умури сулҳ ба танҳоӣ наметвонад кори сулҳро ба пеш барад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон дар бораи роҳҳои ба даст овардани сулҳ гуфта, тавзеҳ додаст, ки дар кори он танҳо як шахс ё як вазорат наметавонад дастболо шавад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро рад кард

Тавре Sputnik Афғонистон гузориш медиҳад, доктор Абдуллоҳ таъкид кардааст, ки мардуми Афғонистон низ ҳақ доранд, дар бораи сулҳ мавзеъгирӣ, баҳс ва гуфтугӯ дошта бошад.

Ба гуфтаи вай, ба тими музокиракунанда бояд ҷомеа ва ҳукумат шомил бошад. 

"Гуфтугӯҳо ва тими музокиракунанда тими ҷомеъ бошад, ба шумули ҳуқумат. Аммо ба ҳеҷ сурат, як вазорат наметавонад кори сулҳро пеш барад. Бархе изҳоротҳо шуда буд, ки тамоми фаъолиятҳо дар меҳвари як вазорат сурат бигиранд, ки фикр мекунам онқадар санҷидашуда набуданд", - изҳор доштааст вай.

Доктор Абдуллоҳ ҳамчунин афзудааст, ки мардуми Афғонистон ба хотири ормонҳо, озодиҳо ва ҳуқуқашон қурбонии зиёде дидаанд.

Ба гуфтаи вай, сулҳ дар инҳисори як нафар буда наметавонад ва тасмимгирандаҳои аслӣ мардуми Ағонистон ҳастанд.