Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Чоршанбе, Афзалшоҳ ва ансамбли "Зебо"

Вазири фарҳанги Тоҷикистон овозхони ҷавон ва ғолиби озмуни байналмилалии Central Asia's got talent Чоршанбе Аловатов ва раҳбари гурӯҳи фолклории "Помир" Соҳиба Давлатшоева ва дигар фаъолони фарҳангро бо мукофот қадрдонӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 баргузор гардидааст.

Соҳиба Давлатшоева мушкили аслии санъати тоҷикро гуфт - видео

Дар ҷаласа, аъзоёни ҳайати мушовара, мушовири бахши ёрдамчии Президент оид ба масоили кадрӣ Меҳрӣ Гуломшоева, роҳбарони раёсати шӯъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтори Вазорат, намояндагони бахш ва шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг ширкат намудаанд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар оғози ҷаласа ба чанд нафар ҷавонон ва фаъолони соҳа, ки дар соли гузашта дар чорабиниҳои байналмилалӣ обрӯю нуфузи фарҳангу санъати тоҷикро баланд бардоштаанд, сипоснома ва мукофоти пулӣ супорид.

"Кумак ба беморон": Аловатов гуфт, ҷоизаашро барои чӣ коре ҳазина мекунад

"Аз ҷумла Чоршанбе Аловатов, Рухшона Умарова, Афзалшоҳ Сафарзода, Фарзона Назарова, Мухаммад Шарифзода, Ансамбли рақсии кӯдаконаи “Зебо”, Ансамбли фолклории “Помир”-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии мазҳакавӣ мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии драмаи ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом ва дигарон, ки дар соли гузашта дар ҷашнворав озмунҳои байналмилалӣ ғолибият ба даст овардаанд, қадр гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

Баъди супоридани сипосномаҳо ва мукофот сармуҳаррири ҳафтаномаи Тоҷикистон Шарифи Ҳамдампур, ки меҳмони ҷаласа будааст, оид ба натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарини соли 2019” ва пурсиши дар байни хонандагони ҳафтанома гузаронидашуда маълумот дода гуфт, ки тибқи овоздиҳии хонандагон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода байни дигар вазирон "Вазири сол" интихоб шудааст.

Озода Раҳмон ва Шамсиддин Орумбекзода: 10-гонаи беҳтарини соли 2019 муайян шуд

Вазири дастрас: Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълом шуд - видео

"Хонандагон ҷавоби худро бо он асоснок мекарданд, ки Шамсиддин Орумбекзода вазири дастрас ва хоксор мебошад. Ӯро дар кӯчаву хиёбон вохӯрдан ва сухан гуфтан мумкин аст”, - иброз доштааст Шариф Ҳамдампур ва ба вазир диплом супоридааст.

Сипас бурду бохти соҳа дар соли 2019, нақшаи фаъолият оид ба самтҳои афзадиятноки пешбурди соҳа дар соли 2020, вазъи воқеии ёдгориҳои таърихию фарҳангии соҳа дар соли 2019, “Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019” ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҷаласа инчунин Низомномаи намунавии ансамблҳои оилавӣ, Низомномаи намунавии ансамблҳои рақсӣ, Низомномаи намунавии ансамблҳои тарона ва рақс, Низомномаи намунавии ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ барои тасдиқ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.