Рӯзи 19 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1903 дар Фаронса дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — "Тур де Франс" эълон ба нашр расид.
Соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.
Соли 2016 дар Япония дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра- Ясутаро Коидэ вафот кард.
Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.
Рӯзи 19 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.
Соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Соли 2018 Узбакистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 19 январ
- Дар Беларус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.
- Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.