Қадпасттарин одами сайёра фавт кард: ӯ 27 сол дошт

Саломатии марҳум чандон хуб набуд ва қабл аз фавт ӯро фавран ба бемористон интиқол доданд, аммо бо гузашти чанд рӯз дар бемористон ҷон дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Қадпасттарин одами сайёра  - Ҳагенда Тапа Магар фавтидаст, хабар медиҳад  шабакаи "Звезда".

Вай дар синни 27-солагӣ дар беморхона аз олам даргузашт. Бори аввал, Ҳагендра соли 2011 ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд, ҳамчун шахси хурдтарин. Дарозии қади ӯ ҳамагӣ 67,08 сантиметр буд, аммо номбудра қобилияти  мустақилона ҳаракат карданро дошт.

"Ҳагендра зуд диққати ҷомеаро ба худ ҷалб кард ва дар соли 2011 сафири боэътимоди Непал дар соҳаи туризм таъин карда шуд", -  гуфта мешавад дар вебсайти китоби рекордҳои Гиннес.

Ба наздикӣ Магар аз мушкилоти дил, нафастангӣ ва илтиҳоби шуш мекашид. Пеш аз маргаш, вай дар беморхонаи Непал Манипал бистарӣ шуд. Рӯзи 17 январ даргузашт.