Президенти нав: раҳбари Бонки Осиёии рушд иваз шуд

Ба ин курсӣ Масатсугу Асакава, ки то ин дам дар якқатор мансабҳои раҳбарикунанда дар Ҷопон фаъолият кардааст, такя зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Масатсугу Асакава дар ин мақом Такехико Накаоро  иваз намуд, ки ӯ 16 январи соли 2020 ба истеъфо рафт, хабар медиҳад маркази матбуоти БОР дар Тоҷикистон.

"Барои ман шарафи бузург аст, ки президенти БОР бошам ва фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо 68 кишвари аъзо оғоз намоям. БОР беш аз ним аср шарики боэътимод дар минтақа буда,  рушди устувор ва некӯаҳволии одамонро дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором беҳтар  месозад. Ман ба он мекӯшам, ки БОР ҳамоно аз ҷониби мизоҷон ва шарикон  хуб пазируфта шавад",- гуфт Асакава.

БОР барои бозсозии роҳи Обигарм-Нуробод як миллион доллар медиҳад

Дар давоми чор даҳсолаи фаъолияти корӣ Масатсугу Асакава як қатор мансабҳои роҳбарикунандаро дар Вазорати молияи Ҷопон, аз ҷумла вазифаи муовини вазири молия оид ба корҳои байналмилалиро  ишғол менамуд ва таҷрибаи васеи касбиро дар соҳаи сиёсати  рушд, бозорҳои  асъор ва сиёсати андозу молия касб намудааст.

Ӯ соли 2019 вазифаи  муовини вазири молияро дар саммити  G20 дар Осака ва дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои  G20   дар  Фукуоке иҷро мекард.

Ба ҷуз ин, дарҳол пас аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ӯ дар ҷаласаи аввалини роҳбарони G20 ба ҳайси ёвари ҳамонвақтаи сарвазир  Таро Асо  ширкат намуда буд. 

Масатсугу Асакава борҳо бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, аз ҷумла ба ҳайси раиси Кумита оид ба масъалаҳои молиявӣ дар солҳои  2011 ва 2016 саҳмгузорӣ намуда буд. Таҷрибаи калони  байналмилалии М.Асакава фаъолияти ӯро ба ҳайси сармушовири президенти БОР Кимимас  Тарумидзо дар давраи солҳои 1989 то 1992 дар бар мегирад, ки вай дар ин муддат роҳбарии чорабиниҳоро оид ба таъсиси идораи нав дар БОР, ки  бо банақшагирии стратегӣ машғул буд, ба уҳда дошт.

Масатсугу Асакава ба ҳайси профессор дар Донишгоҳи Токио аз соли 2012 то 2015 ва дар Донишгоҳи Сайтама аз соли 2006 то 2009 фаъолият намудааст.

Ӯ унвони бакалаврро соли 1981 дар Донишгоҳи Токио ва дараҷаи магистрро соли 1985 дар Донишгоҳи Принстон гирифтааст.