Куштор: сокини Исфара марди 37-соларо дар ҳавлияш корд зад

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи куштор дар шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар ҳолати мастӣ анҷом дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Вазорати умури корҳои дохилаи Тоҷикистон мугӯяд ин ҳодисаи нохуш рӯзи 16 январи соли 2020 рух додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи сокини кӯчаи Навободи шаҳри Исфара, дар ҳавлии истиқоматии марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр, машрубот истеъмол намуда, бо ӯ муноқиша карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Куштор: соҳибхона дар ноҳияи Панҷ меҳмонашро корд зада кушт

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Тафсилот: "меҳмони кушташуда дар Панҷ дӯстписари духтари соҳибхона буд"

Манбаъ афзуда, ки нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.