ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳукумати Русия тибқи нақшаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ дар соли таҳсили 2020-2021 барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии худ 630 бурсияи таҳсилӣ аз ҳисоби буҷети федералии ин кишвар ҷудо намудааст.
Тибқи маълумоти намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, бақайдгирии довталабон аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2020 тариқи сомонаи интернетии www.edu.rs.gov.ru ба роҳ монда шуда, баргузории даври аввали имтиҳонҳо аз 21 феврал то 14 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки маросими муаррифии бурсияҳои мазкур рӯзи 21 декабр дар бинои ин ниҳод дар Душанбе бо ширкати намояндагони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд
Ҳамзамон, вазорати маориф ва илми Украина дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар дар зинаҳои таҳсилии бакалавр ва магистратура 20 бурсия (15 бакалавр, 5 магистратура) ҷудо намудааст.
Ҷоизаи вижаи ширинкори тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар озмуни байналмилалӣ дар Минск
Довталабон дар ин маврид маълумоти муфассалро метавонанд аз Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 – и шаҳри Душанбе дарёфт кунанд.