Ҷашнҳои рӯзи 17 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи ҳабдаҳуми январ дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 17 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1920 дар Россияи Шӯравӣ расман ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1950 Ҳизби коммунистии Боливия таъсис дода шуд.

Соли 1995 дар шаҳри Кобеи Япония дар пайи зилзилаи шадид зиёда аз 6 ҳазору 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 17 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази коркарди миллӣ кушода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд филиали КВД «Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ» ифтитоҳ гардид.

Соли 2014  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

Соли 2011 сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон  фаъол гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Москва аввалин бор дар ин сол ҷаласаи Камиссияи ҳамкории иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия, Сафири Тоҷикистон дар  Россия Имомуддин Сатторӣ роҳбарӣ намуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро тасдиқ карданд.

Соли 2015 дастаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21), бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар доираи мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Иттиҳод", ки аз 16 то 26 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, бо дастаи Қазоқистон вохӯрӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 январ

Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон.

Рӯзи 17 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1893 – Шоира  Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

Соли 1893 –яке аз муборизон дар роҳи таъсис додани ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон Борис Вячеславович Толпиго.

Соли 1927 – Сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов таваллуд шудааст.

Соли 1950 – Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.