ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба фарҳангиёни ноҳияи Роштқалъа 40 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст, хабар медиҳад агентии Ховар.
Акнун ҳунармандони бахши фарҳанги ин ноҳия дар маҳфили навбатии худ, ки ба 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудаст, бо либоси нави театрӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
"Он либосу таҷҳизоти техникии мусиқие, ки онҳо доштанд, чандин даҳсола истифода бурданд ва акнун ба замони муосир чандон ҷавобгӯ нест. Ҳарчанд барномаҳои фарҳангии худро мутобиқ ба замон таҳия мекунанд, аммо бештари тамошобинон ба ороиши саҳна ва тарзи лисбопӯшии ҳунармандон низ аҳамият медиҳанд. Аз ин рӯ, сарояндагону навозандагон ҳам худро дар назди мухлисонашон ноҳинҷор ҳис мекунанд", - изҳор намудаст мудири бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа Фирдавс Саъдоншоев ба агентии "Ховар".
Манбаъ меафзояд, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 70 адад либосҳои саҳнавӣ ва ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти техникии мусиқиро дар ихтиёри ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа гузоштааст.
Бояд гуфт, ки Вазорати энергетика сарпарасти ин ноҳия ба ҳисоб рафта, як сол пеш барои ҳунармандони хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Гадоалӣ Қурбоншоев асбобҳои мусиқии миллӣ туҳфа карда буд.
Бунёди Оқохон дар ноҳияи Роштқалъа хати оби нӯшокӣ бунёд кард
Ҳамчунин дар давоми панҷ соли охир Вазорати энергетика як пули мошингузар, як майдончаи варзишӣ, роҳи мошингузар дар масофаи панҷ километрро дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.