ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 32-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониён шикоят кардааст.
Зани соҳибкор - роҳбари ширкати “Нур” дар Душанбе бо гумони қаллобӣ боздошт шуд
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохила, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, шикоят кардааст, ки соли 2018 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 110 000 сомонӣ гирифтааст.
Ин мард мегӯяд, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
"Билети арзонда биё, бача": як марди тоҷик дар Русия 400 ҳамватанашро фиреб кард
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.