Михаил Мишустин: иқтисодчии доно, мутахассиси ботаҷриба ё хоккейбози боистеъдод - акс

Sputnik

Илова ба фаъолияти касбии худ, сарвазири тозатаъини Русия Михаил Мишустин ба варзиш алалхусус Хоккей шакқи зиёд дорад. Сиёсатмадор муддати тӯлонӣ мухлиси содиқи клуби хоккейи ССКА буд.

Кандидат на пост премьер-министра РФ М. Мишустин встретился с парламентскими фракциями
Думаи Русия номзадии Мишустинро ба маснади сарвазирӣ тасдиқ кард

Пӯшида нест, ки Михаил Владимирович Мишустини 53-сола аз соли 2012 узви Шӯрои нозирони клуби хоккейи CСKA низ мебошад. Ҳангоми дар Шӯрои нозирони хоккей будан, ӯ як рӯйхати бозингарони пурқувватро ҷамъ овард, ки чаҳор маротиба мунтазам ҷои аввалро касб намуда, ҳамчунин як маротиба - дар мавсими (2018 - 2019) ба даври плей-офф роҳхат гирифта, Ҷоми Гагаринро азони худ намуданд.

Мишустин дар вақтҳои холигӣ аз фаъолияти касбии худ ба бозии хоккей машғул мешавад. Сиёсатмадор дар чандин бозиҳои бо Владимир Путин  болои ях баромада буд.

Ҷонишин: Путин ба Медведев мансаби нав пешниҳод кард-видео

Вақте имкон ба ӯ даст намедиҳад, ки худ бевосита боло ях барояд, ӯ дастаи дӯстдоштаи худро аз минбар ҷонибдорӣ мекунад

Номзадии Михаил Мишустинро худи раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод намуд ва ахиран аз ҷониби Думаи давлатӣ низ номзадии ӯ ҷонибдорӣ шуд.

Михаил Мишустин 3 марти соли 1966 дар шаҳри Маскав таваллуд шудааст. Соли 1989 Донишкадаи мошинсозӣ дар Маскавро хатм кардааст.

Ежегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию
Путин имзо гузошт: Мишустин сарвазири нави Русия таъин шуд
Вай бори аввал ба хизмати давлатӣ соли 1998, вақте муовини сардори Хадамоти давлатии андоз таъин шуда буд, омадааст. Аз соли 1999 то 2004 дар вазифаи муовини вазир оид ба андозҳо ва пардохтҳо кор кард ва сипас Роҳбари Агентии федеролии кадастри амволи ғайриманқул таъин шуд.

Дар солҳои 2007-2008, Мишустин роҳбарии Агентии федералии идоракунии минтақаҳои махсуси иқтисодиро ба зимма дошт.

Дар моҳи марти соли 2008, вай президенти гурӯҳи ширкатҳои UFG таъин шуд, ки ба идоракунии дороиҳо, сармоягузории мустақим ва фондҳои муштарак машғул буданд.

Сарвазири тозатаъини Русия доктори илмҳои иқтисодӣ буда, бо ордени "Хизмат ба Ватан" дараҷаи IV ва ордени Шараф мукофотонида шудааст.