Яхбандӣ, туман ва барф: обуҳавошиносони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд

Обуҳавошиносони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки ду рӯзи оянда дар Тоҷикистон боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Онҳо аз аҳолии мамлакат хоҳиш кардаанд, ки дар ин рӯзҳо махсусан эҳтиёткор бошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Обуҳавошиносони Тоҷикистон аз якбора номусоид шудани обуҳаво дар кишвар ҳушдор медиҳанд.

Бино бар иттилои онҳо, 16-17 январ дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7-13 то 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  25-30 то 31-36  рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Ҳушдори обуҳавошиносон: обуҳаво якуякбора ноустувор шуда, борону барф меборад

16- 17 январ дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок шуда, боридани  барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук шуда, рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва   рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

16 январ  дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, танҳо охири рӯз дар доманакӯҳҳо барфи суст меборад.  Санаи 17 январ  боришоти борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар  ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 3-8 дараҷа хунук шуда, рӯзона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Обуҳавошиносон: обуҳаво пойтахт то 14 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳри Душанбе ҳаво 16 январ абрнок шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз боридани барф аз эҳтимол дур нест. 17 январ низ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Инчунин  ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар ин рӯзҳо дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дурии биниш дар ағбаҳо то масофаи 300 метрро ташкил медиҳад.