Сарвазири Қатар ба Тоҷикистон меояд

Сарвазир, Вазири корҳои дохилии Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ба манзури ширкат дар дувумин конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор” ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Созишнома имзо шуд: кӣ, кай ва чигуна муҳоҷирони тоҷикро ба Қатар мефиристад?

Ахиран Хусрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Доҳа даъватномаи Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои ширкат дар дувумин конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018-2028” -ро, ки қарор аст рӯзҳои 18-20 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, ба нахуствазири Қатар тақдим кард.

Нахуствазири Қатар зимни тақдир ва пазириши ин даъват бар аҳамияти конфронси оянда дар заминаи тарвиҷи муштарак ва дастёбӣ ба аҳдофи рушди пойдор таъкид кард.

Тарафайн дар ин мулоқот бо ишора ба сатҳи болои равобити дуҷониба, масоили марбут ба густариши бештари равобити сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соири мавзӯҳои мавриди алоқаи ду тарафро баррасӣ карданд.