Ронандаи худрави “ПАЗ-762” зани 27-соларо пахш кад: пиёдагард ба ҳалокат расид

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ноҳияи Дӯстӣ ронанадае зани 27-соларо пахш намуда ба ҳолокат расонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи марги пиёдагард санаи 15 январи соли равон дар ҳудуди деҳаи Гулрези ноҳияи Дӯстӣ сар задааст.

Ҳалокати дучархарон ва як духтари пиёдагард дар ду садамаи нақлиётии ахир

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “ПАЗ-762”, Кличев Саидабит Саидмухторович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чаманистон ба самти деҳаи Ғалабаи ноҳияи мазкур, дар ҳудуди деҳаи Гулрез аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Пархаева Ҷахан Бобокелдиевна, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Гулрезро пахш намудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса, пиёдагард Пархаева Ҷахан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур  таҳқиқотро идома доранд.