Медведев ба мансаби нав таъин шуд

Дмитрий Медведев пас аз як рӯзи истеъфояш аз мансаби раиси Ҳукумати Русия ба вазифаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъин шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин собиқ нахуствазири кишвараш Дмитрий Медведевро ба симати нав таъин кард.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия гузориш медиҳад, Дмитрий Медведев ба симати муовини раиси Шӯрои амнияти кишвар таъин гардидааст.

Кӯча мерӯфтаму 120 рубл маош мегирифтам: тарҷумаи ҳоли Дмитрий Медведев

"Медведев Дмитрий Анатолевич Муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия таъин шуда, аз симати иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия озод карда шавад", - омадааст дар банди аввали фармони раисҷумҳур.

Фармони мазкур аз рӯзи имзои ҳуҷҷат ҳукми қонунӣ мегирад, омадааст дар банди дувуми фармони президент.

Ҷонишин: Путин ба Медведев мансаби нав пешниҳод кард-видео

Таъини Медведев ба мақоми ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия дар ҳолест, ки роҳбарии ин Шӯроро худи Владимир Путин ба уҳда дорад.

Ҳайати ҳукумати Русия, ки 18 - уми майи соли 2018 ташкил шуда буд, 15 январ, пас аз паёми Владимир Путин дар ҳайати пуррааш ба истеъфо рафт. Ҳукумати таҳти роҳбарии Медеведев аз 32 узв иборат буд.

Владимир Путин ба аъзои Ҳукумат барои кори муштарак сипос гуфта, афзудааст, ки на ҳамаи аҳдоф амалӣ гардиданд. Путин афзудааст, бо ҳар яке аз вазирон дар алоҳидагӣ мулоқот хоҳад кард ва хостааст.