Дар Хатлон 154 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо пешниҳоди прокуратура бекор карда шуд

Мақомоти вилояти Хатлон эълон намудааст, ки 154 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, ки ғайриқонунӣ, ба сокини эҳтиёҷнадошта замин дода шуда буд, бо пешниҳоди прокуратура бекор карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik.  Дар соли 2019 дар вилояти Хатлон  бо пешниҳоди прокуратура 154 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Мақомоти Хатлон ба беш аз ду ҳазор омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дод

Мирзохон Менгилиқулов,  сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон зимни суҳбат бо рӯзноманигори ин рӯзнома таъкид доштааст, ки аз тарафи кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо соли гузашта 227 мавод ба прокуратура пешниҳод карда шуд.

Вай таъкид доштааст, ки  дар ин давра 154 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, ки ғайриқонунӣ, яъне ба сокини эҳтиёҷнадошта замин дода шуда буд, бо пешниҳоди прокуратура аз ҷониби худи раисон бекор  шуданд.

“Бекоршавии қарорҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Носири Хусрав, Кӯлоб, Фархор, Шаҳритуз, Ҳамадонӣ,  Қубодиён, Данғара ва Восеъ  ба қайд гирифта шудааст”, — зикр кардааст Мирзохон Менгилиқулов.

Ҳамзамон вай илова кард, ки қаророҳои боқимонда, ки ба прокуратура пешниҳод шуда буд, ба қонун мутобиқат гардонида шудаанд.