Се соли раисии Рустам дар Душанбе: таърифи Президент ва суҳбат аз нақшаҳои оянда

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз бунёдкориҳо дар аҳди се соли роҳбарии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе тавсиф кард. Тайи се соли охир иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар пойтахт қомат афрохтанд, ки бисёри онҳоро соҳибкорону идораҳои алоҳидаи давлатӣ бунёд намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 65 дар ноҳияи Шоҳмансур гуфт, аз ҷониби шаҳрдории Душанбе дар 3 соли охир 18 муассисаи нави таълимӣ ба истифода супорида шуд. Бинои нави мактаби рақами 65, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон мавриди истифода қарор дод, аз ҷониби Абдуҳалим Қодирзода, роҳбари Ширкати “Ёқут - 2000” бо харҷи беш аз 30 миллион сомонӣ сохта шудаст.

Маҷлис созишномаи Тоҷикистону Русияро ба тасвиб расониду Зуҳуров нигарон шуд: кадр нест

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мактабсозиҳо дар се соли охир дар пойтахт таъриф карда, изҳор дошт, ки танҳо дар соли 2018 бунёди 11 муассисаи нави таълимӣ бо 16 000 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 364 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Зикри раисиҷумҳур  аз ободкориҳо дар се соли охир дар ҳолест, ки расо се сол пеш 12 январи соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақоми раиси Душанбе Рустами Эмомалиро таъин карда буд.

“Роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ шумораи мактабҳои навбунёдро ба 30 ва ҷойҳои нишастро ба 27 ҳазор расонида, бо ҳамин роҳ масъалаи норасоии ҷойи нишасти хонандагонро дар пойтахт пурра ҳал намояд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур инчунин дар бораи корҳои ободониву созандагӣ дар Душанбе гуфта, ба шаҳрдорӣ дастур дод, ки корҳоро вусъат бахшанду тамоми сокинонро ба ободу зебо кардани ҳар манзилу микрорайон сафарбар созад.

“Роҳбарият ва ҳамаи сохтору мақомоти шаҳрро зарур аст, ки корро суръати бештар бахшида, ҳар як оила, фаъолон ва тамоми сокинони пойтахтро ба таъмиру таҷдид, тозаву озода ва ободу зебо кардани ҳар як манзили истиқоматӣ, маҳалли зист, микрорайонҳо ва хиёбону кӯчаҳо сафарбар намоянд”, - хабар додаст котиботи раисиҷумҳур аз қавли Эмомалӣ Раҳмон.