Дидори наздик ба 1 миллион сайёҳи хориҷӣ аз вилояти Суғд

Мақомоти вилояти Суғд эълон намудааст, ки дар соли 2019 ба вилоят беш аз 914 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ сайёҳат кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар соли 2019 ба вилояти Суғд бо мақсади саёҳату тиҷорат ва меҳмонӣ беш аз 914 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Соҳибкори бадахшонӣ иллати рушд накардани сайёҳӣ дар вилоятро шарҳ дод

Тибқи иттилои манбаъ, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ барои саёҳат, тиҷорат ва меҳмонӣ нисбат ба соли 2018 7,4 дарсад зиёд будааст.

Мақомоти вилояти Суғд зикр намудааст, ки мақомоти вилоят дар доираи барномаи  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби гардишгарон ба минтақаҳои туристии вилоят тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар соли гузашта дар вилоят 10 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт ва ҳамин тавр шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар Суғд ба 40 адад расонида шудааст.

Ҳамзамон манбаъ, ёдрас шудааст, ки дар ҳудуди вилоят 86 меҳмонхонаву осоишгоҳ, 46 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамасола иншооти наву замонавӣ бунёд гардида истодааст.