ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳейко Маас , вазири умури хориҷаи Олмон иддао кардааст, ки нерӯҳои эътилофии байналмилалӣ дар Ироқ бимонанд, чун дар сурати хуруҷи нерӯҳо эҳтимол дорад ДОИШ ба ин кишвар баргардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Ҳейко Маас иддао доштааст, ки бо хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмиллалии аз Ироқ, хавф дорад гурӯҳи террористии ДИИШ дубора ба ин кишвар баргардад.
Ба навиштаи хабаргузории Анатолӣ, вай дар як конфронси матбуотӣ бо Айман Ал-Сафдӣ ҳамтои урдунии худ дар Уммон гуфт, хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ роҳро барои терроризм боз мекунад ва ҳамлаҳои онҳо ба минтақа ва Аврупо осеб мерасонад.
Ҳайко Маас дар хусуси танишҳо миёни Амрико ва Эрон гуфт, агар Эрон хоҳони танишзудоӣ аст, бояд нооромиҳо дар минтақаи худро мутаваққиф кунад, ки ин амр дар мавриди Ироқ низ сидқ мекунад.